Манучеҳр Сафаров корномаи варзишияшро дар Ӯзбекистон идома медиҳад

Гузариши футболбози ҷавони тоҷик аз Эрон ба Ӯзбекистон дар ҳолест, ки ахиран бозигари дигари кишвар интиқоли баръакс дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Манучеҳр Сафаров фаъолияти варзишии худро дар бошгоҳи футболи "Локомотив"-и Тошканд идома медиҳад.
Дар ин бора дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода гуфт, ки бошгоҳи нави Сафаров дар Суперлигаи Ӯзбекистон баромад мекунад.
Ин бозигари ҷавону шинохтаи тоҷик аз дастаи "Персеполис"-и Эрон, ки аз моҳи декабри соли 2021 дар ҳайати он бозӣ мекард, ба "Локомотив" гузашт.
Сафаров қаблан дар бошгоҳҳои "Барқчӣ", "Хуҷанд", "Локомотив-Помир", "Хуҷанд" ва "Истиқлол" ҳунарнамоӣ кардааст.
Манучеҳр Сафаров аз соли 2019 дар тими миллии Тоҷикистон баромад мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати тими миллӣ 18 бозӣ анҷом додааст.
Футболбози тоҷик гаронарзиштарин бозигари бошгоҳи эронӣ шуд
Маврид ба зикр аст, ки Сафаровро бо Ваҳдат Ҳаннонов, бозигари дигар мунтахаби кишвар, бошгоҳи эронӣ ба арзиши 200 ҳазор доллар аз "Истиқлол" харида буд.
Аммо дар мавриди маблағи гузариш ва шартҳои қарордоди нави Сафаров бо бошгоҳи ӯзбекистонӣ иттилои дигаре нашр нашудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин бозигари тоҷик аз Эрон ба Ӯзбекистон гузаш, аммо нимҳимоятгари шинохтаи кишвар мунтахаби кишвар Эҳсони Панҷшанбе бошад, баръакс.
Ӯ аз дастаи "Навбаҳор"-и Ӯзбекистон ба дастаи "Зубоҳан"-и Эрон гузашт.
Ба иттилои портали Transfermarkt, арзиши бозории нимҳимоятгар 700 ҳазор евро аст, ки гаронарзиштарин бозигари дастааш мебошад.
Ҳамзамон дафтари матбуоти "Зубоҳан" ӯро беҳтарин нимҳимоятгари Осиёи Марказӣ номидааст.