То соли 2028 дар Хатлон 350 мактаби нав бунёд мегардад

Мақомоти Хатлон хабар додаанд, ки то соли 2028 барои бунёди 350 мактаб дар вилоят беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ахиран дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар доираи Барномаи нави рушди соҳаи маориф барои то соли 2028, дар вилоят бунёди 350 муассисаи таълимӣ ба маблағи умумии беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Вай қайд кардааст, ки панҷ мактаб аз вагонҳо бароварда шуда, хонандагон акнун дар биноҳои муносиби таълимӣ дарс мехонанд.
Ҳамзамон сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон таъкид кардааст, ки дар шаш моҳи соли равон мушкилоти 7 муассисаи таълимӣ, ки дар се баст дарс дода мешуд, бартараф гардид.
Тасдиқи нақшаи мактабсозӣ дар шароити афзоиши аҳолии Тоҷикистон
Номбурда зикр кардааст, ки нишасти мазкур аз лиҳози ташкили кор дар сатҳи матлуб доир гардида истодааст.
“Тамоми фаъолияти мо ба беҳсозии сатҳу сифати таълим, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, такмили ихтисоси омӯзгорон равона хоҳад шуд”, - афзуд сардори Раёсати маорифи вилоят.
Ёдрас мешавем, ки қаблан вазорати маорифи Тоҷикистон хабар дода буд, ки то соли 2026-ум дар Тоҷикистон бунёди 1 ҳазор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода хоҳанд шуд.
"Соли 2022 дар кишвар 302 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ навсозӣ мешаванд. Дар 6 моҳи соли равон 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода шуданд", - иттилоъ додааст Вазорат.
Дар шаҳри Душанбе то оғози соли нави таҳсил ифтитоҳи 11 муассисаи нав дар нақша аст.
Ба иттилои расмӣ, феълан дар Тоҷикистон 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 128,8 ҳазор омӯзгор фаъолият доранд.