ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Бозии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бо ҳамсолони худ аз Араӣисиони Саудӣ бемуваффақият анҷом ёфт. Футболбозони тоҷик ҳар ду бозии дӯстонаро бохтанд.
Бар хабари Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими Турдиев бозии якумро бо ҳисоби 0:1 ба нафъи футболбозони араб бохт.
Ҳамчунин бозии дуюм низ бо ҳисоби калони 3:0 ба фоидаи мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ анҷом ёфт.
Манбаъ меафзояд, бозиҳои дӯстона бо Арабистони Саудӣ барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба ҳисоб меравад.
Дар даври интихобӣ, ки аз 14-ум то 18-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “I” бо яккачинҳои ҷавонони Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур бозӣ мекунад.
Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.