Маҷлиси миллӣ маҳдудиятҳо барои кор дар мактабу масҷидро пазируфт

Маҷлиси миллии Тоҷикистон тағйирот ба қонунҳо "Дар бораи маориф" ва "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ"-ро қабул кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Тағйирот ба қонунгузории Тоҷикистон, ки Маҷлиси миллӣ қабул кард, барои бархе аз маҳкумшудаҳо кор ба ҳайси ходими дин ва ё дар муассисаҳои таълимиро мамнуъ мекунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, ҳадафи тағйирот дар қонунгузорӣ пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва ноболиғон мебошанд. Дар ин робита ҳамчунин тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва меҳнат низ ворид карда шудаанд.
Бар асоси тағйирот ба қонун дар бораи маориф, шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноят нисбати ноболиғон якумра аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳрум шудаанд, ба муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ба кор қабул карда намешаванд.
Маҷлиси миллӣ нишонашро муаррифӣ кард: Дар бино, сари сина ва нақлиёт насб мешавад
Ҳамчунин тағйирот ба қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ муқаррар кардааст, ки на ҳар кас метавонад, имомхатиб шавад. Аз ҷумла дар қонун мушаххас шудааст, ки кадом шахсон наметавонанд, ходими дин шаванд.
Дар ин феҳраст, афроде қарор гирифтаанд, ки ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ содир кардаанд.
Афроди дастандаркори ҷиноёти дорои хусусияти террористӣ ва экстремис­тидошта, инчунин дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир кардаанд, муассис ё ходимони иттиҳодияи динӣ шуда наметавонанд, муқаррар кардааст тағйироти нав дар қонун.