Шариф Раҳимзода таъсири беқурбшавии евро ба иқтисоди Тоҷикистонро шарҳ дод

Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои кишвар мегӯяд, вобаста ба таъсири омилҳои гуногун қурби асъор пайваста болову поён меравад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Шариф Раҳимзода, вазири пешини иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва раиси Бонки миллӣ дар мусоҳиба бо АМИТ “Ховар” таъкид кардааст, ки поинравии қурби евро ба фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонида наметавонад.
“Бояд зикр намуд, ки ин раванд ба фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонида наметавонад, зеро аксари субъектҳои тоҷикистонӣ ҳангоми додугирифт бо ширкатҳои хориҷӣ аз доллар истифода мекунанд. Албатта, агар касе дар бонкҳо пасандози евроӣ дошту онро гирифтанӣ аст, каме зарар мебинад, вале шумораи чунин шахсон хеле кам аст”, - таъкид кардааст Шариф Раҳимзода.
Ҳамчунин вай қайд кардааст, ки вобаста ба таъсири омилҳои гуногун қурби асъор пайваста болову поён меравад.
“Солҳои аввали ба муомилот ворид шудани евро қурби он аз қурби доллар камтар буд, вале баъдан он хеле боло рафт ва ҳоло, ба ҳолати 12 июл, онҳо баробар шуданд”, - афзуд ӯ.
Ҳамзамон коршинос сабаби поён рафтани қурби евроро шарҳ додааст.
"Ин ҳанӯз поёни кор нест". Тақдири евро ва доллар дар оянда чӣ мешавад?
Шариф Раҳисзода мегӯяд сараввал мушкилиҳои кишварҳои авропоӣ вобаста ба вазъи сиёсии вақтҳои охир, ки ба натиҷаҳои амалиётҳо дар Украина алоқаманд буда, ба рушди иқтисодиёти кишварҳои аврупоӣ таъсири манфӣ расониду боиси болоравии нархи нафту газ ва молҳои дигар гардид.
Ҳамчунин ба гуфтаи собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба тағйири қурби асъор сиёсати пешгирифтаи Бонки марказии ИМА (Низоми федералии захиравӣ) таъсир расонд.
“Бонки марказии ИМА шурӯъ аз моҳи март пайваста фоизи бозтамвилро боло бурд, ки он боиси болоравии қурби доллар гардид. Дар чунин шароит сармоядорон маблағҳои худро бештар ба ИМА равона мекунанд”, - гуфт ӯ.
Ёдрас мешавем, пайваста чанд ҳафтааст, ки қурби евро ар бозорҳои ҷаҳонӣ тамоюли беқурбшавӣ дошт. Имрӯзҳо қурби доллари амрикоӣ ва евро баробар шуданд.