Кремл ба бад шудани равобити Русия ва Амрико ишора кард

Сухангӯи президенти Русия гуфт, ки муносибатиҳои Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико воқеан бадтар шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Равобити Русия бо Амрико воқеан сард шудааст, гуфт сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков дар суҳбат бо хабарнигорон.
Аз сухангӯи президент пурсида шуд, ки оё Кремл омадааст, варзишгари амрикоӣ Бритни Гринерро табодул кунад. дар посух Песков қайд намуд, ки онҳо салоҳияти баррасӣ кардани табодули шаҳрванди Амрикоро надоранд.
Дар идома, Пескав зикр намуд, ки муносибати Русия ва Амрико дақиқан сард шудааст.
Ёдовар мешавем, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд.
Нотаи Русия ба Амрико: Интиқоли силоҳ ба Киевро бас кунед
Таҳримҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технология ва сиёсати раводид таъсир расониданд.
Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунбол як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT ихроҷ намуд.
Аммо ҳамаи ин кӯшишҳои Ғарб боиси сар задани мушкилиҳои дохилӣ гардид. Дар аксари кишварҳои аврупоӣ нархи озуқаворӣ ва маводи сӯхт якбора боло ҷаст.
Тавре президенти Русия Владимир Путин қайд кард, таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ заданд - зиндагии миллионҳо одам бадтар шуд.