Чаро толибон воридоти маводи сӯхтро аз кишварҳои ҳамсоя ба Афғонистонро манъ карданд?

Қимати сӯхт дар Афғонистон дар ҳоли афзоиш аст, аммо ҳукумати толибон воридоти онро аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон манъ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Хон Ҷон Алкузай, раиси Утоқи бозаргонӣ ва сармоягузории Афғонистон дар гуфтугӯи вижае ба Sputnik гуфт, ки афзоиши қимати сӯхт ба далели амалӣ кардани стандартҳои амрикоӣ дар хусуси нафт тавассути давлати толибон ба миён омадааст.
Раиси Утоқи бозаргонӣ ва сармоягузории Афғонистон дар идома мегуяд:
"Бар асоси стандарти Афғонистон, ки аслан як стандарти амрикоист, давлати толибонро муваззаф месозад, танҳо иҷозаи ворид кардани бензини навъҳои 95 ва 92-ро диҳанд, аммо бензини навъи 80 ва ҳамчунин маводи сӯхти навъи 65-ро, ки ба дизел машҳур аст, барои ворид кардан ба дохили хоки Афғонистон иҷоза намедиҳанд".
Вай афзуд, маводи сӯхти навъи 65 дар кишвари Русия ва кишварҳои муштаракулманофеъ, ҳамсояҳои Афғонистон маврид истифодааст, аммо ба Афғонистон ба далели стандарти амрикоӣ иҷозаи вурудро надорад.
Қимати барқи Тоҷикистон дар Афғонистон маълум шуд
Ӯ ёдовар шуд, "нафти арзон пеш аз ин, дар даврони ҳукуматҳои Ҳомиди Карзай ва Ашраф Ғанӣ, ки ба далели фасоди густарда қонунро давр мезаданд, бо шакли қочоқӣ ин маводи сӯхтро вориди кишвар мекарданд. Аммо давлати толибон дар ҳоли ҳозир ворид кардани ин маводи сӯхтро, ки дар ҳудуди 2000 мошини нафткаш ҷо ба ҷо шуда, мутаваққиф кардааст".
Ба гуфта вай, маводи сӯхти Русия, Эрон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мутобиқи стандартҳои давлати толибон намебошад ва ҳамин аст далели ворид нашудани маводи сӯхт аз ин кишварҳо.