ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар вилояти Хатлон давоми шаш моҳи ахир 269 нафар корманди соҳаи тандурустӣ корро тарк карданд.
Дар ин бора Шайдулло Шарифов сардори Раёсати тандурустии вилоят зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Гуфта мешавад, аз миёни 269 табиб, 63 нафар корро партофта, ба муҳоҷират рафтанд. Ҳамчунин 102 табиби дигар ба муассисаҳои дигар пайваста, 11 тани дигар бинобар расидани синнашон ба нафақа,корро тарк карданд.
"Дар шаш моҳи ахир нуҳ табиб дар вилояти Хатлон фавтиданд ва ҳамчунин иллати аз кор рафтани 84 табиби дигар номаълум аст", - илова намуд Шарифов.
Ба таъкиди ӯ, феълан дар муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон 1157 табиб намерасад.
Шарифов қайд намуд. ки ин рақам дар авоили соли равон бештар буд, вале ҳоло 188 табиб тоза ба кор ҷалб карда шудаанд, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Қаблан, моҳи феврали соли равон, Вазири тандурустии кишвар, Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 120 пизишк намерасад.
Ҳамчунин вазир гуфта буд, ки соли гузашта 109 корманди тиб ба нафақа рафтаанд, 54 табиб ва 78 тан аз кормандони миёнаи тиб фавтидаанд, ки ин ҳам яке аз далелҳои дигари норасоии кадрӣ шудааст.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор нафар фаъолият менамоянд. Аз ҷумла 20 797 табиб ва 60 329 корманди миёнаи тиб дар бемористонҳои кишвар кор мекунанд.