ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дастаи "Эсхата" ва сармураббии даста Ҳамид Каримов бо мувофиқаи тарафайн шартномаи ҳамкориро қатъ карданд.
"Роҳбарияти даста ба Ҳамид Каримов барои кори муштаракашон изҳори сипос мекунанд", - қайд карданд дар дафтари матбуотии клуб.
Сармураббии нави "Эсхата" Игор Суров таъйин шуд, ӯ аллакай шартномаи кориро имзо кардааст.
"Мо ба мутахассиси ҷавону ояндадор кори бомуваффақият ва пурсамар таманно дорем", - афзуд клуб.
Даста бо раҳбарии мураббии нав омодагиро ба нимаи дуюми мавсим оғоз кард.
Қобили зикр аст, ки Сурови 36-сола футболбоз ва мураббии рус аст.
Аз соли 2007 то соли 2019 дар тимҳои Русия ва ССКА Душанбе бозӣ кардааст.
Аз соли 2019 фаъолияти мураббигии худро дар бошгоҳи "Сумида"-и Муғулистон оғоз намуда, соли 2020 мураббии дастаи "Алфа"-и Краснодарро бар уҳда дошт.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл тими "Файзканд" аз мураббиаш - Тоҳир Мӯъминов ҷудо шуд. Мураббии нави даста Алӣ Назарзодаи эронӣ таъин гардид.
Дастаи "Равшан" (Зафаробод) ҳам аз мураббияш ҷудо шуд. Шартнома бо Раҳматулло Фузайлов бо созиши тарафайн катъ гардид.
Ва дар моҳи май бо қарори роҳбарияти тими "Истаравшан" сармураббии даста Ризо Паркас ба далели натиҷаҳои ғайриқаноатбахш аз мақом барканор шуд.