ВУХ Ӯзбекистон: Эрон то охири соли равон ба СҲШ ворид мешавад

Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон хабар додааст, ки ёддошт дар бораи уҳдадориҳои Эрон ҳамчун узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Самарқанд ба имзо мерасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Владимир Норов, иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии Ӯзбекистон гуфт, дар соли равон Эрон ба ҳайси нозир узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) мешавад.
"Имсол дар чаҳорчӯби раёсати Ӯзбекистон Эрон ба унвони кишвари нозир ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой қабул карда мешавад. Ёддошти уҳдадориҳои Эрон ҳамчун узви СҲШ низ дар Самарқанд ба имзо мерасад", - гуфт оқои Норов дар мизи мудаввар дар Маскав.
Раҳбарони кишварҳои узви ин созмон дар моҳи сентябри соли гузашта аз номзадии Эрон ҳимоят карда буданд.
Владимир Путин қайд кард, ки Кремл аз ширкати комили Теҳрон дар кори ин созмон ҳимоят мекунад.
Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфта буд, ки Маскав талош дорад ҳамкориро бар пояи манофеи кишварҳои узв пеш барад.
Пули нави СҲШ: доллар чӣ мешавад? - видео
Барои мисол, вай БРИКС, СҲШ ва ИА-ро мисол овард. Охири моҳи июн Эрон ҳамроҳ бо Аргентина барои пайвастан ба БРИКС дархост пешниҳод карданд.
Ба гуфтаи Денис Мантуров, вазири саноат ва савдои Русия, ин ба таҳкими ҳамкориҳо дар заминаи табодули фанноварӣ ва эҷоди иқтидорҳои иловагии истеҳсолӣ мусоидат хоҳад кард.
СҲШ як созмони байнулмилалӣ аст, ки соли 2001 аз ҷониби раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.
Кишварҳои нозир дар СҲШ Афғонистон, Беларус ва Муғулистон, ҳамзамон кишварҳои шарики Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.