Дар Суғд коронавируси нав ошкор нашудааст - шарҳи расмӣ

Хуруҷи дубораи коноравирус дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон табибони тоҷикро водор намудааст, ки чораҳои пешгирикунандаи бемориро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷорӣ намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Маҷнун Орипов, муовини сартабиби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон вазъи беҳдоштиро шарҳ дод.
Ӯ гуфт, хушбахтона мавриди нави сироятёбӣ ба каронавирус дар ин вилоят сабт нашудааст, вале хуруҷи дубораи ин маризӣ дар кишварҳои ҳамсоя табибони тоҷикро водор намудааст, ки барои пешгирӣ аз вазъ чораҳои муассири пешгирикунанда ҷорӣ карда шавад.
“Ҳоло дар гузаргоҳҳои марзӣ, ки манбаи паҳни беморӣ гуфта мешаванд чораҳои пешгирикунандаи беморӣ пиёда карда шудааст. Аз шаҳрвандоне, ки аз марз ба ин тараф мегузаранд ваксинаи зидди ковид пурсида мешавад", - - гуфт, Орипов.
Ба гуфтаи вай, ба онҳое, ки шаҳодатномаи ваксина надоранд тавсия дошта мешавад, ки дар ноҳия ва ё шаҳр, ки маҳалли иқоматашон аст ваксина бигиранд.
Муовини сардори МНДСЭ Суғд афзуд ба ҷузъ ин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби мутахассисон корҳои безараргардонӣ ва тавсияҳои беҳодоштӣ ироа карда мешавад.
Мурашко вазъи коронавирус дар Русияро шарҳ дод
Масъулони Идораи тандурустии Суғд мегуянд, зимнан дар назди шуъбаҳои сироятии шаҳру навоҳии ин вилоят ҳуҷраҳои маҳдудсозӣ фаъол буда дар ҳолатҳои эҳтимолӣ нафарони гумонбар ба беморӣ бидуни мушкил бистарӣ хоҳанд шуд.
Рӯзҳои охир хуруҷи коронавируси нав дар кишварҳои ҳамсоя бо Тоҷикистон дубора авҷ гирифтааст. Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон аз ошкор шудани гирифторон хабар доданд.
Дар Қазоқистон ҳамарӯза ҳолатҳои гирифторӣ ба маризии коронавирус рӯ ба афзоиш аст. Вазорати тандурустии Қазоқистон аз афзоиши ҳолатҳои сироятёбӣ аз вируси COVID - 19 хабар медиҳад.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ахиран дар ҷумҳурӣ 477 ҳолати нави гирифторӣ ба вирус сабт гардидааст дар ҳоле, ки як рӯз қабл ин рақам ба 416 нафар баробар буд.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистон беш аз 15 миллион воя ваксина алайҳи коронавирус дастрас кардааст
Бар пояи иттилоъи расмӣ зимнан дар Қазоқистон 2 510 бемори коронавирус ба табобат фаро гирифта шудаанд, аз ин шумор 291 нафар дар бемористон ва 2 219 тани дигар дар шароити хона муолиҷа мегиранд. Пизишкон вазъи тандурустии 14 маризро ниҳоят вазнин арзёбӣ мекунанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сар аз нимаҳои моҳи феврал расман эълон карда буд, ки дар қаламрави кишвар ҳеҷ ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус сабт нашудааст.
Бар пояи иттилои вазорат аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 17 382 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Аз ин беморӣ 124 нафар фавтида, 17241 нафар сокинони ҷумҳурӣ шифо ёфтанд.
Масъулони Идораи тандурустии Суғд мегуянд, дар вилояти Суғд хуруҷи дубораи коронавирус ошкор нашудааст ва ҳоло зарурати дар қарантин нигоҳ доштани Шифохонаҳо зарурат надорад.
Ахиран 28 марти соли ҷорӣ бузургтарин Шифохонаи маризиҳои сироятии Суғд баъд аз 2 соли қарантин ба далели каронавирус ба реҷаи маъмулӣ гузаронида шуд.