Оғози сафари кории Раҳмон ба НБО “Роғун”

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун сафар кард ва бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун” шинос хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар, субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” ташриф оварданд.
Тибқи иттилои манбаъ нахуст раисҷумҳур ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҷараёни корҳо дар нақби сохтмонии қабати чорум соли 2018 оғоз гашта, дарозии иншоот бо назардошти баромадгоҳ 1750 метр ва қутраш 15 метрро дар бар мегирад.
Корҳои лоиҳакишии иншоот аз ҷониби ширкати “ЭФРИ”-и Швейтсария ва ҶСП “Тоҷик Кон” анҷом дода шуда, сохтмону васлгарӣ аз ҷониби ҶСК “Тоҷикгидромонтаж” ва ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” идома дорад.
Камбудиҳоро ислоҳ кунед - супориши Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти Хатлон
Таъкид шудааст, ки айни замон бо ҷалби мутахассисони ватанӣ арматурбандии бетони конструктивии девор, сақфи нақб, корҳои сементатсионии пуркунанда, мустаҳкамкунанда ва дигар корҳои сохтмонӣ ба таври шабонарӯзӣ ҷараён дорад.
Ҳамзамон хабар дода шудааст, ки дар камераи дарвозаҳои садамавӣ ва асосии нақби сохтмонии қабати чорум низ тибқи нақша корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисон дар ду баст ба роҳ монда шуда, рӯз то рӯз бунёдгузорони ин қитъаи сохтмонӣ ба марҳилаи ниҳоии кор дар нақби сохтмонии қабати чорум наздик мешаванд.
Нақби сохтмонии қабати чорум дар сурати зарурат барои гузаронидани ҳаҷми оби зиёдатии обанбор дар назар дошта шудааст.
Зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи корҳои ба анҷом расонидашуда пурра маълумот доданд.
Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини мардум бо барқу гармӣ
Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии “Роғун” дастур дод, ки иншоотро дар муҳлати пешбинишуда ва мутобиқ ба талабот мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Раисҷумҳур таъкид намуд, ки Неругоҳи барқи обии “Роғун” иншооти стратегӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таҳкими истиқлолияти энергетикӣ буда, саривақт ва тибқи нақша ба истифода супоридани ҳар қитъаи сохтмонӣ ба рушди иқтисоди миллӣ замина мегузорад ва мардуми тоҷик ба азму ирода, неруи созандаи кормандони муҳандисию техникии Неругоҳи барқи обии “Роғун” эътимоди қавӣ доранд.