Кӣ барои нерӯгоҳи "Роғун" чарха месозад?

Тоҷикистон дар масъалаи тавлиди чархаҳо барои нерӯгоҳи "Роғун", ки қаблан интизор мерафт, аз Украина оварда шаванд, бо дигар ширкату кишварҳо гуфтушунид мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Мақомоти тоҷик барои сохтмони чархаҳои "Роғун" бо ширкатҳои истеҳсолии ҷаҳонӣ музокирот дорад.
Дар ин бора Ҷамшед Шоимзода, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол дар гуфтушунид бо як ширкат натиҷаҳои назаррас ҳосил шудааст, аммо ниҳоӣ нест ва хулоса баъдан пешниҳод хоҳад шуд.
Шоимзода изҳор дошт, ки тафсилоти бештар дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба майдони сохтмони "Роғун", ки феълан идома дорад, ироа хоҳад шуд.
Харидор ҳаст, ҷустуҷӯи сармоягузор идома дорад: Шоимзода дар бораи сохтмони "Роғун"
Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол ду чархаи нерӯгоҳи "Роғун" фаъолият доранд, ки дар корхонаҳои шаҳри Харкови Украина сохта шудаанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни боздид аз майдони сохтмони "Роғун" гуфт, ин иншооти стратегӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат ва ҳукумат дар самти таҳкими истиқлолияти энергетикӣ мебошад.
Саривақт ва тибқи нақша ба истифода супоридани ҳар қитъаи сохтмонӣ ба рушди иқтисоди миллӣ замина мегузорад ва мардуми тоҷик ба азму ирода, неруи созандаи кормандони муҳандисию техникии неругоҳи барқи обии “Роғун” эътимоди қавӣ дорад, таъкид кардааст Раҳмон.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар баробари ҷустуҷӯи сармоягузор ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи давлат ҳамасола маблағи муайянро ба сохтмони нерӯгоҳ равона мекунад.