Варзишгари тоҷик Комил Боймуродов қаҳрамони ҷаҳон шуд

Размикори шинохтаи тоҷик боз ду медилаи дигар аз қаҳрамонии ҷаҳон ба хазинаи дастовардҳои варзишии кишвар ворид кард. Ӯ дар Лос-Анҷелес пирӯз шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Беҳтарин ҷитсер ва греплер дар Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба камарбанди сиёҳ оид ба iu Jitsu Gi и No-Gi World Champion-2022 дар Лос-Анҷелес ғолиб омад.
Устоди варзиш бо ду медали тилло ба Ватан бармегардад.
Аммо, пеш аз ин, вай дар ИМА якчанд семинарҳо барои варзишгарон баргузор хоҳад кард.
Қаблан ин варзишгар ғолиби мусобиқаи AJP Tour дар бахши No-Gi дар вазни 77 кило ва дар бахши Gi дар вазни 85 кило шуда буд.
Дар охири мавсими гузашта варзишгар дар мусобиқаи Чемпиони New Breed Black Belt Champion 2021 байни ҷитсерҳои камарбанди сиёҳ ҷои аввалро гирифт. Мусобиқа дар Майами баргузор шуд.
Тоҷик барои нахустин бор дар риштаи муҳорибаи омехта қаҳрамони ҷаҳон шуд
Ёдовар мешавем, ки Боймуродов зиёда аз даҳ сол ба ин намуди варзиш машғул буда, дар мусобиқоти Қаҳрамонии Осиё ва ҷаҳон бо намояндагӣ аз кишвар рақобат мекунад.
Илова бар ин ӯ ба тарбияти шогирдон низ машғул аст, ки баъзе аз онҳо низ дар сатҳи байналмилалӣ ба натиҷаҳои бузург ноил шудаанд.
Комил Боймуродов дар синни 14-солагӣ ба кӯштӣ оғоз кардааст. Аввал бокс ва кикбоксинг, сипас ба кӯштии озод гузашта, худро дар ҷудо ва самбои размӣ низ санҷидааст.
Соли 2009, пас аз рӯ овардан ба таҳсил дар Дубай ӯ намуди варзиши ҷиу-ҷитсуро интихоб кард. Дар он ҷо ӯ бо мураббии доғистонияш Умар Абдурашидов вохӯрд, ки дар рушди касбии Комил Боймуродов нақши муҳим дорад.