ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии худро доир ба масъалаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии аломатгузории марзи Қирғизистону Ӯзбекистон ба мувофиқа расониданд.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти девони вазирон хабар медиҳад.
Ин ҷаласа аз 4 то 8 июл дар Андиҷон (Ӯзбекистон) баргузор шуд.
"Ҷонибҳо лоиҳаи санадҳои ҳуқуқӣ ва техникии танзими раванди аломатгузории марзи давлатии Қирғизистону Ӯзбекистонро омода карданд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки мулоқот "дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум" баргузор шуда, аз рӯи натиҷаҳои он протокол ба имзо расид.
Вохӯрии навбатии гурӯҳҳо дар Қирғизистон баргузор мешавад.
Ёдрас мешавем, ки авохири моҳи июн Тоҷикистону Қирғизистон низ масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карданд.
Гуфта шуд, ки дар ин ҷаласа гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марз баргузор гардид ва дар фарҷом як протоколи дахлдор ба имзо расид.
ВУХ Тоҷикистон аз баргузор шудани ин ҷаласа танҳо як хабари кӯтоҳ нашр намуд ва ҷузъиёти бештарро ифшо накарда буд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳоло танҳо ҳудуди 519 километри он муайян шудааст.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28-29 апрели соли гузашта марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 24 майи соли 2021 то ҳол бастааст.