Дастури Путин барои баррасии ташкили низоми муштараки зиддиҳавоӣ бо Қирғизистон

Президенти Федератсияи Русия дастур додааст, ки бо Қирғизистон масъалаи таъсиси низоми ягонаи дифои ҳавоии минтақаро баррасӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин дастур дод, ки бо Қирғизистон дар бораи таъсиси низоми ягонаи дифоъи ҳавоии минтақавӣ музокира кунад.
Ин санад дар портали иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Пешниҳоди ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи имзои Созишнома байни Русия ва Қирғизистон дар бораи таъсиси системаи муштараки минтақавии дифоъи ҳавоии Русия ва Қирғизистонро қабул кунед", - омадааст дар матни санад.
Ҳамчунин, тибқи ин санад, ба Вазорати дифои Русия дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Русия дастур дода шудааст, ки бо Қирғизистон музокира анҷом дода, пас аз расидан ба тавофуқ аз номи Русия созишнома ба имзо расонанд.
Ин дар ҳолест, ки пештар кишвардори Русия дар дидор бо руасои фраксияҳои Думаи давлатӣ гуфт, ки Русия дар Украина то ҳол ба таври ҷиддӣ иқдоме накардааст.
Путин: Русия дар Украина то ҳол ба таври ҷиддӣ иқдом накардааст
Вай ҳамчунин илова кард, ахиран дар Ғарб изҳороте шунида мешавад, ки Русия дар Донбасс бояд дар майдони ҷанг мағлуб шавад.
Роҳбари Русия қайд кард, ки бигзор онҳо кӯшиш кунанд.
"Имрӯз мо мешунавем, ки онҳо мехоҳанд моро дар майдони ҷанг мағлуб кунанд. Хуб, чӣ гӯям? Бигзор кӯшиш кунанд. Мо аллакай бисёр шунидаем, ки Ғарб мехоҳад бо мо то охирин украинӣ биҷангад. Ин фоҷиа барои Украина аст. Аммо ҳама бояд бидонанд, ки мо умуман то ҳол дар он ҷо ба таври ҷиддӣ чизеро шуруъ накардаем", - афзуд Владимир Путин.