ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, хонум Каталин Ева Верешне-Новак, президенти Маҷористонро бо 30-солагии равобити дипломатӣ шодбош гуфтаст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш изҳор доштааст, ки дар тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд, силсилаи мулоқоту тамосҳои сатҳи олӣ нақши муассир доштанд.
Раҳмон манфиатдор будани кишвари худро ба вусъату таъмиқи бештари муносибот бо Маҷористон таъкид намудаст.
"Бар ин боварем, ки идомаи муколамаи созандаи сиёсӣ миёни Тоҷикистону Маҷористон ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳасана ва ҳамкориҳои дарозмуддату гуногунҷанбаи кишварҳоямон дар заминаи манфиатҳои аслии мардумони мо такони тоза хоҳад бахшид", - омадааст дар паём.
Хонум Каталин Ева Верешне-Новак низ дар паёмаш ба Раҳмон аз он изҳори хушнудӣ кардааст, ки дар муддати се даҳсолаи ахир муносибатҳои дуҷониба дар рӯҳияи эҳтиром ва эътимоди ҳамдигарӣ рушд ёфтаанд.
"Умедворам, ки ифтитоҳи Консулгарии ифтихории Маҷористон ба наздикӣ дар Душанбе ба ҷаҳду талошҳои муштараки мо такони тоза хоҳад бахшид", - афзудаст ӯ.
Вай итиминон додааст, ки Маҷористон минбаъд низ аз таҳкими шарикӣ бо Тоҷикистон ҷонибдорӣ хоҳад кард. Хонум Каталин Ева Верешне-Новак ба Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом ва дар кораш дастовардҳои беш аз пеш таманно кардааст.