ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Аз рӯди Душанбе ҷасади марди ношинос пайдо шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ба қисми навбатдории КҲФ дар бораи пайдоиҳи ҷасад дар наздикии маркази савдои “Ёвар” хабар додаанд.
Манбаъ меафзояд, пас аз дастрас кардани ин хабар гурӯҳи наҷотбахшон аз об берун ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Феълан шахсияти ғарқшуда ва ҳамчунин сабабҳои фоҷеа маълум нест. Мақомот дар ин хусус ба тафтиш оғоз намуданд.
КҲФ мегӯяд, ҳамзамон ҳодисаи нохуши дигар соати шаши бегоҳии 7-уми июн дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ба қайд гирифта шуд, ки писарбача 12-сол - ғарқ шудааст.
Бино ба маълумоти Шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Рӯдакӣ як ноболиғ аз деҳаи Истиқлол-1, ҷамоати М.Турсунзодаи ноҳия ҳангоми оббозӣ бо дӯстонаш дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст.
Гуфта мешавад, ҷустуҷӯи ҷасади писарак тамоми рӯз идома дошт, вале бенатиҷа буд. Аз субҳи имрӯз 8 июл кофтуков аз ҷониби ғаввосони идома дорад.
Ин ниҳод аз волдидон дархост кардааст, ки ҳаргиз фарзандонашонро беназорат нагузоранд.
Маврид ба зикр аст, ки бо фарорасии фасли гармо дар кишвар ҳолатҳои ғарқшавӣ афзудааст.
Ҳолатҳои ғарқшавӣ ва худкушӣ дар об аз аввали сол дар кишвар беш аз 70 ҳолатро ташкил медиҳад.