ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъор дар кишварро нашр кардааст, ки тибқи он, рубли русӣ боз коҳиш ёфтааст.
Ба ин тартиб, арзиши пули русӣ дар Тоҷикистон 166 сомонӣ барои ҳазор рубл муқарар шудааст.
Ин асъор давоми як рӯзи гузашта 1 сомонӣ ва дар давоми се рӯз 11 сомон сомон коҳиш ёфтааст.
Дар баробари уфти рубл доллару евро низ коҳиш ёфтааст, аммо назаррас нест. Агар як рӯз қабл як доллар дар сатҳи 10.57,9 сомонӣ буд, пас ҳамакнун 10.57,8 муқаррар шудааст.
Танзимгари асъор дар Тоҷикистон қурби евроро 10.7606 сомонӣ барои як доллар муқаррар кардааст, ки коҳиши наонқадар чашмрасе дошт.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 160 сомонӣ ва зимни фурӯш 170 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 165,5 ва дар фурӯш 175,5 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 165,5 сомонӣ мехараду ба ивази 169 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 165,5 ва ҳангоми фурӯш 168 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.