ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб дар майдони худ бар тими "Эсхата"-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии ҶТ.
Ба иттилои манбаъ, бозии мазкур дар доираи даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуда, "Равшан" холҳояшро ба 19 расонд.
Голҳоро дар ҳайати тими ғолиб Абдухалил Боронов ва Шодиҷон Муродов ба дарвозаи рақиб ворид намуда, дастаашонро ба сархати ҷадвали мусобиқа бароварданд.
Дар ин давр ҳамчунин бозӣ миёни дастаҳои "Равшан"-и Зафаробод ва "Хатлон" бидуни гол мусовӣ анҷом ёфт.
"Регар-ТадАЗ" дар майдони худ аз тими "Истиқлол" бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд. Дар зӯрозмоӣ Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 13 ҳисобро кушода, дар дақиқаи 27-ум Фатҳулло Фатҳуллоев аз пеналтӣ ҳисобро баробар кард
Дар нимаи дуюми дидори дастаҳо бозингарони "Истиқлол" Муҳаммадҷон Раҳимов ва Ислом Зоиров ду гол зада, ғалабаи тимашонро таъмин намуданд.
"Дар бозии дигар дастаи КМВА аз тими "Файзканд" бо ҳисоби 1:2 шикаст хурд. Артишиҳо тавассути Абдулло Шарипов дар дақиқаи 73 ҳисобро кушоданд. Вале ба голи задаи ӯ бозигарони тими Восеъ, Алишер Холмуродов ва Артур Боугнон бо ду гол ҷавоб доданд", - омадааст дар иттилоия.
Бозӣ миёни дастаҳои "Истаравшан" - "Хуҷанд" бо пирӯзии хуҷандиҳо бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт. Муллифи ягона голи ин бозӣ Далер Ёдгоров бшуд.
Кумита таъкид намуд, ки бо ҳамин натиҷа дар Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ танаффуси якмоҳа эълон шуд. Бозиҳо даври навбатӣ 12-уми август баргузор хоҳанд шуд, афзуд манбаъ.