Дар Нуқус ҳангоми ошӯбҳо шаҳрвандони хориҷӣ боздошт шудаанд

Ба таъкиди муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ӯзбекистон, ҳангоми ошӯбҳо дар шаҳри Нуқуси вилояти Қарақалпоқистон шаҳрвандони хориҷӣ боздошт шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Шаҳрвандони хориҷӣ зимни ошӯбҳо дар шаҳри Нуқуси вилояти Қарақалпоқистон боздошт гардиданд.
Дар ин бора муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ӯзбекистон, Ҳомидҷон Додабоев хабар додааст.
"Дар миёни боздоштшудаҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд. Маълумот дар бораи онҳо сирри тафтишот аст. Баъдан маълум мешавад", - гуфт ӯ ба хабарнигорон.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар охири моҳи июн пешниҳод карда буд, ки раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ баргузор шавад.
Қаблан порлумони кишвар барои таҳияи тағйирот комиссияи конститутсионӣ таъсис дода, баъдан тарҳи қонуни нав дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо барои баррасӣ ба палатаи қонунгузорӣ пешниҳод карда шуд.
Ин санад барои баррасии омавӣ то санаи 4 июл пешниҳод шуда буд.
Парлумони Ӯзбекистон мақоми худмухтори Қароқалпоқистонро бетағйир монд
Пас аз он мебоист лоиҳаи 200 тағйирот ба 64 моддаи конститутсия ба раъйпурсӣ пешниҳод карда мешуд. Маҳз эҳтимоли маҳрум шудан аз мухторияти Қароқалпоқистон бар асоси ислоҳоти нав боиси эътирозҳои оммавӣ шуд, ки чанд рӯз пеш дар Нуқус сурат гирифт.
Ҳамин тариқ, дар пойтахти Ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон рӯзи 1 июл гирдиҳамоӣ ба амал омад. Ошӯбгарон баъд аз кӯшиши ба тасарруфи биноҳои мақомот дар минтақа боздошт шуданд.
Баъдтар тартиботи ҷамъиятӣ барқарор шуд ва Мирзиёев ба Нуқус омаду дар бораи вазъи минтақа изҳорот дод. Ӯ гуфт, ки дар пайи ошӯбҳо ҳам дар миёни ғайринизомиён ва ҳам кормандони интизомӣ талафот ҳаст, аммо теъдоди дақиқи он гуфта нашудааст.
Аз 3 июл то 2 август дар ин минтақа ҳолати фавқулода эълон шуд.