Дар 6 метр 1 нафар: пешниҳоди роҳи нави мубориза бо хонаҳои "резинӣ" дар Русия

Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки барои ҳалли мушкили "хонаҳои резинӣ" сабти иқомати беш аз як нафар дар шаш метри мураббаъ мамнуъ карда шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Мушкили хонаҳои "резинӣ"-ро дар Русия мехоҳанд, тавассути маҳдуд кардани шумораи одамони сабтшаванда ҳал карданд. Ба иттилоияи нашрияи "Известия" вакилон пешниҳод намудаанд, ки дар масоҳати муайян танҳо сабти теъдоди дақиқ иҷозат дода шавад.
Ба гуфтаи Александр Якубовский, узви кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, муаллифони ин ташаббус пешниҳод кардаанд, ки сабти беш аз як нафар дар 6 метри мураббаъ манзил, агар пайванди хешӣ набошад, иҷозат дода нашаванд.
Таъкид шудааст, ки ҳодисаҳои ғайриқонунӣ ба қисмҳои хурди то ду сантиметри мураббаъ тақсим кардани манзилҳо дар кишвар зиёд шуда, қаллобон ва риэлторҳои сиёҳ ба соҳибони манзил пешниҳод мекунанд, ки ба маблағи ночиз шартномаҳои сохтаи ҳадя ва фурӯшро имзо кунанд.
Муҳоҷирон ба тибби ройгон дар Русия дастрасӣ пайдо мекунанд: тафсилот
Вакил афзудаст, ки аллакай ба Вазорати корҳои дохилии Русия паём фиристодаанд, то назари ин ниҳодро дар бораи роҳандозии чунин маҳдудиятҳо бидонанд.
Феълан тибқи қонунҳои Русия, соҳибмулкон метавонанд дар манзилҳои худ иҷорагирони дигарро сабти ном кунанд.
"Пеш аз ҳама, чунин шеваҳои кор барои дуздии маблағҳои буҷет - тавассути гирифтани ғайриқонунии кумакпулиҳою имтиёзҳо ва инчунин ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ истифода мешаванд", - гуфт Якубовский.
Зикр шудаст, ки одатан бо даст ёфтан ба ҳиссае дар хонаҳои истиқоматӣ, соҳибмулкони нав аз таҳияи имтиёзоти иҷтимоӣ мешаванд.