Беш аз 40 дараҷа гарм, чанголуд ва селхезӣ: ҳушдори ҳавошиносони Тоҷикистон

Тоҷикистонро ҳавои беборишу гармии то беш аз 40 дараҷа фаро мегирад, чангу ғубор дар бархе ҷойҳо, аз ҷумла пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе боқӣ мемонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест, ҳушдор додаст Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон.
Хабаргузории "Ховар" аз қавли ин ниҳод овардааст, ки ҳаво дар ВМКБ , тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
"Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Вилояти Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш интизор буда, ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад, таъкид кардаанд ҳавошиносон.
Чангу ғубору гармӣ дар вилояти Хатлон низ боқӣ мемонад. Ожонси ҳавошиносӣ мегӯяд, ҳарорат дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Пиряхи калонтарини дунё дар Тоҷикистон хурд шудааст: Чӣ қадар?
Дар навоҳии тобеи марказ низ боришот дар назар нест, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар пешгӯии ҳавошиносон.
Дар мавриди шаҳри Душанбе низ ҳавошиносон изҳор доштанд, ҳаво бебориш буда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво дар маркази Тоҷикистон шабона 19+21 дараҷа ва рӯзона аз 35 то 47 дараҷа гарм мешавад.