Володин: Амалҳои Киев Русияро маҷбур мекунад, ки амалиёти вижаро идома диҳад

Раиси Думаи давлатии Русия изҳор дошт, ки Украина ҳама корро мекунад, то нерӯҳои мо дар марзҳои Донбасс таваққуф накунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия гуфт, ки Киев ҳама корҳоро мекунад, то нирӯҳои Русия дар марзҳои ҶМЛ ва ҶМД таваққуф накунанд.
"Украина ба як давлати террористӣ мубаддал шудааст... Мо хомӯш нестем. Ҳама корро мекунем, то масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти шаҳрвандонамонро ҳал кунем. Шумо дуруст гуфтед, ки Украина ба давлати террористӣ табдил ёфтааст. Президенти онҳо низоми ҷинояткоронаро роҳбарӣ мекунад. Мо бояд ҳама чизро кунем, ки амалиёти низомӣ бомуваффақият анҷом шавад", - гуфт Володин.
Ба гуфтаи ӯ, вазифа гузошта шудааст, ки сарбозону афсарон бо ҳама чизҳои зарурӣ таъмин ва масъалаҳои таҳкими комплекси саноатии ҳарбӣ ҳал карда шаванд.
Ӯ гуфт зарбаҳо аз қаламрави Харков ба шаҳрҳои Русия зада мешавад, ки ки ин маҷбур ба идомаи амалиёт мебарад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу итминон дод, ки тамоми нақшаҳои амалиёти махсус амалӣ мешаванд
Вай ҳамчунин қайд кард, ки "ҷаҳон беадолат аст", аз ин рӯ мавқеи раисиҷумҳури ИМА ва сарони кишварҳои аврупоӣ ин аст, ки ҷанг дар Украина то ҳадди имкон идома ёбад.
"Барои онҳо шаҳрвандони Украина маводи харҷшавандаанд. Онҳо ба хотири тамдиди муноқишаи мусаллаҳона силоҳ медиҳанд. Кор он вақт хотима меёбад, ки онҳо зарба заданро ба шаҳру деҳаҳои осоиштаи мо бас кунанд", - илова намуд у.
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомигардонии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.