Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Дар Туркия гунаҳкори асосии низоъ дар Украинаро ошкор карданд

Рӯзномаи "Cumhuriyet"-и Туркия менависад, ки амалиёти вижаи Русия дар қаламрави Украина ин посухи Федератсияи Русия ба тавсеаи НАТО буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Амалиёти вижа дар Украина посух ба сиёсати васеъкунии таҷовузкорона буд, менависад рӯзномаи туркии "Cumhuriyet".
"Иёлоти Муттаҳида дар назди худ ҳадаф гузоштааст, ки Русияро аз қисмати ғарбии уқёнуси Арктика, Балтика ва Баҳри Сиёҳ берун кунад ва ҳамчунин мавқеи Чинро дар минтақаи Осиё танк кунад. Бар асоси ин ҳисобҳо, як стратегияи бузург таҳия шудааст", - омадааст дар хабар.
Манбаъ меафзояд, иттифоқи Атлантикаи Шимолӣ ба ҷуз аз дастгоҳи низомии ҳукмронии Вашингтон бар Аврупо чизи дигаре нест.
Нашрия афзудааст, "бӯҳрони Украина сабаб набуд, балки танҳо як катализатор барои пайвастани Шветсия ва Финландия ба НАТО буд, зеро стратегияи ин блок комилан ба манфиати Вашингтон аст".
Дар охири соли 2021 Русия тарҳҳои созишнома бо Иёлоти Муттаҳида ва созишнома бо НАТО дар бораи кафолатҳои амниятро нашр кард. Маскав, аз ҷумла, аз шарикони ғарбии худ кафолати ҳуқуқии даст кашидан аз густариши минбаъдаи НАТО ба самти шарқ, пайвастан ба блоки Украина ва таъсиси пойгоҳҳои низомӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ талаб кардааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков гуфт, кай амалиёти вижаи Русия дар Украина анҷом меёбад
Дар ин пешниҳодҳо ҳамчунин банд дар бораи истиқрори силоҳи зарбазани НАТО дар наздикии марзҳои Русия ва хуруҷи нерӯҳои эътилоф дар Аврупои Шарқӣ ба мавқеъҳои соли 1997 мавҷуд аст.
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомигардонии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.