ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Вазири дифои Русия генерали артиш Сергей Шойгу дар як нишаст гуфт, бархе аз силоҳҳои хориҷие, ки Ғарб ба Украина интиқол медиҳад, дар Ховари Миёна ва ҳамчунин дар бозори сиёҳ ҷамъ мешавад.
Дар ин бора РИА "Новости" гузориш медиҳад.
"Тибқи маълумоти мавҷуда, қисме аз силоҳҳои хориҷие, ки Ғарб ба Украина интиқол медиҳад, дар тамоми минтақаи Ховари Миёна паҳн шуда, дар бозори сиёҳ низ ба охир мерасад", - гуфт Шойгу.
Ҳамчунин, ба гуфтаи вазорати дифои Русия, кишварҳои ғарбӣ ба Украина беш аз 28 ҳазор тонна бори низомӣ интиқол додаанд.
Русия қаблан ба далели интиқоли силоҳ ба Украина ба кишварҳои НАТО нота фиристода буд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳар боре, ки ҳомили силоҳ барои Украина аст, "ҳадафи қонунӣ" барои Русия мешавад.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки интиқоли силоҳ ба Украина бо Ғарб ба муваффақияти музокироти Русияву Украина мусоидат намекунад ва таъсири манфӣ мерасонад.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Тибқи иттилои Вазорати дифои Федератсияи Русия, то 25 март қувваҳои мусаллаҳ вазифаҳои асосии марҳилаи аввалро иҷро карданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.
Ҳадафи асосӣ дар департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.
Аз ҷумла, Волноваха, як маркази муҳими стратегӣ дар ҷануби Донетск, Мариупол, бузургтарин шаҳри соҳили баҳри Азов ва Святогорск, озод карда шуданд.
Рӯзи 3 июл бо ишғол намудани Лисичанск ва манотиқи атрофи он тамоми ҳудуди ҶМЛ аз дасти нерӯҳои Украина озод карда шуд.