Оҷил: Ҳамлаи мушакӣ ба марзи Ӯзбекистон

Як гурӯҳи террористӣ аз Афғонистон қаламрави Ӯзбекистонро мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл – Sputnik. Дар минтақаи марзии Ӯзбекистон таркиши панҷ мушак, ки эҳтимолан аз қаламрави Афғонистон партоб шудаанд, ба қайд шудааст, иттилоъ додааст Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон.
Бояд гуфт, ҳангоми таркиши мушакҳо талафоти инсонӣ ва харобӣ ба қайд гирифта нашудааст.
"Дар маҳаллаи Маҷнунтоли Тирмиз ба чаҳор хонаи шахсӣ хисороти ночиз расида, хумпораи панҷум дар майдони футбол афтидааст. Хумпораҳои кашфшуда аз тарафи минарубон безарар гардонида шудаанд", - иттилоъ додааст ВУХ-и Ӯзбекистон.
Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон қайд кардааст, ки айни ҳол мақомоти салоҳиятдори Ӯзбекистон ҳамроҳ бо мақомоти Афғонистон барои муайян намудани сабаби ин ҳодиса чораҳои зарурӣ меандешанд.
Имзои шаш санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Ёдрас менамоем, бори аввал 18 апрел чунин як ҳамлаи мушакӣ анҷом шуда буд, ки масъулияти онро гурӯҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт.
Дар ҳамин ҳол як манбаи "Сангар" аз пулиси вилояти Балх ба "Sputnik Тоҷикистон" дар таъйиди ин хабар гуфт, ҳамлаи мушакӣ аз минтақаи Ҷаратани рустои Туқайи шаҳристони Шӯртеппаи ин вилоят сурат гирифтааст.
“Афроди ношинос мушак – ракетаҳоро дар як мошини навъи “Сузуки” насб карда, ба ҷониби Ӯзбекистон шашандохт кардаанд. Мошин пурра сӯхтааст. Афродаш фирор кардаанд. Ин маълумот ҳаст, ки мушакҳо ба шаҳри Тирмизи ҷониби Ӯзбекистон афтода, чанд нафарро ҳам захмӣ кардаанд. Аммо ин маълумот дақиқ нест”, - гуфт манбаъ.
Бояд гуфт, ки то ҳол масъулияти ин ҳамларо ҳеҷ гурӯҳе бар уҳда нагирифтааст.