ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар мулоқот бо раисиҷумҳур Владимир Путин аз анҷоми бомуваффақияти амалиёти озодкунии Ҷумҳурии Мардумии Луганск хабар дод, менависадр РИА "Новости".
"Дар давоми ду ҳафта ҷангҷӯён дар Горском котле, минтақаҳои Лисичанск ва Северодонетск муҳосира ва маҳв шуданд. Ҳамчунин 25 маҳаллаи аҳолинишин, ки бузургтарини онҳо Северодонетск, Золоте, Горское, Волчеяровка мебошанд, таҳти назорат гирифта шуданд", - ҳисобот дод Шойгу.
Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни озод кардани нерӯҳои муттаҳидшуда артиши Украина дар ду ҳафта тақрибан 5,5 ҳазор нафар талаф ёфт.
"Талофоти умумии қувваҳои мусаллаҳи Украина 5469 нафарро ташкил дод, аз ҷумла 2218 нафар қурбон шуда, 3251 нафари дигар ҷароҳатдор", - шарҳ дод вазир.
Дар ин муддат низомиёни Русия ва ҷузъу томҳои милитсияи халқии ҶМЛ 196 танку зиреҳпӯши украинӣ, 12 ҳавопаймо ва як чархбол, 69 ҳавопаймои бесарнишин, 6 системаи мушакии дурпарвоз, 97 мошини мушакии ҷангиро нобуд карданд.
Путин дар навбати худ гуфт, воҳидҳое, ки дар озодсозии ҶМЛ иштирок доранд, бояд истироҳат кунанд ва "қобилияти ҷангии худро афзоиш диҳанд".
"Қисмҳои ҳарбӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои "Шарқ" ва "Ғарб" бояд вазифаҳои худро тибқи нақшаҳои қаблан тасдиқшуда, иҷро кунанд. Умедворам, ки ҳама чиз бо самти онҳо идома хоҳад ёфт, чунон ки то ҳол дар Луганск идома дошт", - гуфт президент.
Сарвари Русия ҳамчунин пешниҳод кард, ки ҳамаи иштирокдорони амалиёти вижа дар Украина мукофотонида шаванд.