ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, ҳимояти комилашро аз иқдоми Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон баён доштааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон, Тоқаев ҳимояташро зимни суҳбати телефонӣ бо Мирзиёев изҳор доштааст.
"Президенти Қазоқистон ҷонибдории комилашро аз чораҳои қатъии роҳбари Ӯзбекистон дар Қароқалпоқистон барои ҷилавгирӣ аз аъмоли ғайриқонунӣ ва таъмини суботу рушди устувор дар кишвар баён дошт", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории бисёрҷониба дар минтақа ва омодагӣ ба мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор намудаанд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти Ӯзбекистон бар асари ошӯбҳои охир дар Қароқалпоқистон дастикам 18 нафар ҳалок шуда, 243 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Мирзиёев ахиран зимни суҳбат аз қурбониҳо дар Қароқалпоқистон изҳор дошт, ки талафот ҳам миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам сокинони мулкӣ ҷой дорад.
Таъкид шудаст, ки феълан вазъият дар Қароқалпоқистон ба эътидол омада, ҳаёт ба маҷрои худ баргашта истодааст. Дар зимн таъкид шудаст, ки ҳарчанд тартиботи ҷамъиятӣ барқарор шуд, вале вазъи фавқулодда то 2 август идома хоҳад дошт.