ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Амалиёт барои озодсозии шаҳри Северски ҷумҳурии халқии Донетск оғоз карда шуд, хабар дод ёвари вазири умури дохилии Луганск, Виталий Киселёв.
Ба гуфтаи ӯ, даргириҳо барои озодсозии Северск, ки дар 30-километрии ғарби шаҳри Лисичански Луганск қарор дорад, оғоз шуд.
Оғози ин амалиёт дар ҳолест, ки қаламравии Ҷумҳурии халқии Луганск пурра озод карда шуд, гузориш дод Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ба президенти кишвар, Владимир Путин.
Ахиран нерӯҳои муштараки низомиёни Русия ва милисаи мардумии Луганск шаҳри Лисичанск - охирин шаҳри собиқ вилояти Луганскро, ки таҳти назорати нерӯҳои украинӣ буд, муҳосира намуда буданд.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия мегӯяд, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.