ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дер ё зуд хирад боло мегираду Киев бо дарки талаботи Русия сари мизи музокирот менишинад, изҳор дошт Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури ФР.
Ӯ зимни суҳбат аз тариқаи шабакаи "Россия 1" дар мавриди иддаои зӯргӯёна аз сӯи бархе аз мақомдорони хориҷӣ, зикр намуд, ки ташаббусҳо аз Ғарб барои ҳалли буҳрони Украина аз тариқи музокирот кам шудааст.
"Аммо мо шубҳа надорем, ки дер ё зуд хирад боло мегирад ва навбати музокирот фаро мерасад. Дар зимн Киевро зарур меояд, ки тамоми талаботи моро дарк намояд. Онҳо хуб огоҳанд", - гуфт намояндаи Кремл.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ба Владимир Путин, президент ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз озодсозии пурраи Ҷумҳурии халқии Луганск хабар дод.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.