ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Сокинони Қрим чун аҳолии тамоми Русия барои бозсози шаҳру деҳоти харобгашта ва ҳаёти осоишта дар Луганск кумак мекунанд.
Дар ин бора роҳбари Қрим, Сергей Аксёнов, зимни паёми шодошияш ба сокинони Луганск ба муносибати озодшавияшон изҳор дошт.
"Ин рӯзро сокинони Луганск 8 сол интизор буданд. Мутаассифона бисёриҳо ба рӯзи пирӯзӣ нарасиданду аз дасти фурӯхташудаҳои низоми Киев кушта шуданд. Дар сафи озодкунандаҳои Луганск қримиҳо низ зиёд буданд", - гуфт ӯ.
Аксёнов гуфт, дар пеш бозсозии ҳаёти осоишта ва шаҳру деҳоти харобгашта мебошад, ки дар ин кор сокинони Қрим баробари аҳолии тамоми Русия кумак хоҳад кард.
Ахиран Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ба Владимир Путин, президент ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз озодсозии пурраи Ҷумҳурии халқии Луганск хабар дод.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.