Баҳси ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон миёни Маскаву Душанбе: вазири тоҷик созишномаи нав хост

Вазирони адлияи Тоҷикистон ва Русия дар ҳошияи ҳамоиши 10-уми байналмилалӣ дар Санкт-Петербург густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, дар мулоқот бо ҳамтои русаш, Константин Чуйченко хостори таҳкими ҳамкориҳо ва бастани созишномаи нав дар ин бахш гардид.
Тибқи иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон, мулоқоти мазкур дар ҳошияи Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ, ки аз 29 июн то 1 июл дар шаҳри Санкт-Петербург ҷараён дошт, баргузор гардид.
Вазири адлияи Тоҷикистон барои тавсеаи муносибати минбаъда ба ҷониби Русия пешниҳод намудааст, ки созишномаи ҳамкорӣ дар таҳрири нав таҳия ва ба баррасии тарафҳо ирсол карда шавад.
Вазифаи нави вазири адлияи Тоҷикистон дар сатҳи ИДМ
Дар ин замин ҳамкорӣ дар бахши омода намудан ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кадрҳои мақомоти адлия муҳим хонда шудаст.
Таъкид шудааст, ки ҷонибҳо барои рушди ёрӣ ва хизматрасонии ҳуқуқӣ мусоидат намоянд.
"Инчунин амалӣ кардани ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ, ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи адлия мавриди баррасӣ қарор дода шуд", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин дар доираи Форуми 10-уми байналмилалӣ ҷаласаи Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои ИДМ баргузор шуд, ки зимни он вазири адлияи Тоҷикистон раиси Шӯрои вазирони адлияи кишварҳои ИДМ дар соли 2023 интихоб гардид.