Бино ба гузориши бостоншиносон, Саразм дар охири ҳазораи IV пеш аз милод рушд намудааст. Суғдзамин ҳам ба воситаи Саразми бостонӣ ба роҳи абрешим шомил мегардад.
Иқлими мусоид, шароити қулай, боду ҳавои созгор мардумро дар Саразм сарҷамъ кард.
Бозёфтҳои Саразм бозгӯи он аст, ки лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои наққошишудаи фарҳанги Балуҷистону Систону Балх тавассути иртиботи тиҷоратӣ ба Саразм ворид гаштаанд.
Маҳз саразмиён дар шимолу шарқӣ Осиёи Маркази паҳнкунандагони лоҷуварду маҳсулоти маъданӣ ба ҳисоб мераванд.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, таърихи беш аз 5500 - солаи Саразм ҳанӯз солҳои 1981 - 1991 аз тарафи олимони тоҷику рус ва бостоншиносони амрикоиву фаронсавӣ пешниҳод шуда буд.
“Бостоншиносони амрикоӣ таърихи пайдоиши ин шаҳрро ба 5899-5765 сол, фаронсавиҳо ба 5775-5364 ва олимони тоҷику рус ба 5600-5500 сол баробар донистаанд”, - гуфта буд Раҳмон.
Ӯ таъкид кард, ки санаҳои зикргардида аз намунаи чӯбҳои ангиштшудаи ҳафриёти Саразм бо роҳи ташхиси радиокарбониву кимиёӣ дар озмоишгоҳҳои шаҳрҳои Бостон, Париж ва Санк-Петербург таҳқиқ ва тасдиқ шудаанд.
Ва донишмандон дар натиҷаи таҳқиқоту ташхиси илмии дастрас ба хулоса расиданд, ки ибтидои таърихи Саразм 5500 сол эътироф карда шавад, афазуд Раҳмон.
Ҳоло саҳифаҳои зиёди таърихи Саразм таҳқиқ нашудаанд ва умед аст, ки донишмандон минбаъд низ саҳифаҳои норавшани таърихи ин маркази тамаддунро таҳқиқ намуда, дастраси ҷомеаи ҷаҳон хоҳанд кард.