ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Куштигирони Тоҷикистон дар панҷ вазн - 65кг, 75кг, 85кг, 95кг ва +95кг миёни мардон ва дар як вазн - 60 кг миёни бонувон нерӯ санҷиданд.
Миёни бонувон Ҷонона Назарова мақоми аввал, Фазилат Гулбоева ҷои дуюм ва Аҳлия Муъминоваю Руҳафзун Бекназарова барандаи медали биринҷӣ гардиданд.
Дар даври ниҳоии вазни 65 кг Мулораҷаб Халифаев бар Эмомалии Нуралӣ пирӯз гардид.

Финали вазни то 75 кг миёни куштигирони Душанбе - Масъуди Аҳмадзод ва Ҳайдари Саидкабирзода бо пирӯзии аввалӣ анҷом ёфт.
Дар сабқати ниҳоии вазни то 85 кг Ҳақназар Назаров аз ноҳияи Ҳисор бо партоби хубе Муҳаммадҷон Абдуҷалилзодаро шикаст дод.
Зӯрозмои ниҳоии вазни то 95 кг миёни вакрзишкорони номии тоҷик - Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов сурат гирифт. Дар ин сабқат Маҷидов бар Устопириён ғолиб ва шоҳҷоизаро соҳиб шуд. Дар ин вазн Мақсадулло Зоидов ва Ҷамшед Ҳомидов нишонҳои биринҷиро ба даст оварданд.
Ниҳоят, дар вазни беш аз 95 кило паҳлавони тоҷик, Темур Раҳимов бо Шарифҷон Назриев барои шоҳҷоиза рӯи татамӣ даст ба гиребонгардид.
Ниҳоят, дар вазни беш аз 95 кило паҳлавони тоҷик, Темур Раҳимов бо Шарифҷон Назриев барои шоҳҷоиза рӯи татамӣ даст ба гиребонгардид.
Дар сабқати бузургҷуссаҳо дар дақиқе то анҷоми вақти муайяншуда китфи Шарифҷон Назриев осеб дид ва ӯ натавонист рақобатро идома бидиҳад. Ба ҳамин делел ғолибият насиби Темур Раҳимов гардид.
Таъкид шудааст, ки ба ғолибон шоҳҷоизаҳо - мошинҳо мукофотпулӣ тақдим гардид.