Ҳушдор аз гармои шадид ва чанд тавсияи КҲФ ба сокинон

Дар Тоҷикистон ҳавои тафсон то се июл идома мекунад. Дар ин робита КҲФ барои сокинон чанд тавсияи муфид пешниҳод кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, ҳавои тафсон дар мамлакат то рӯзи 3 июл идома мекунад.
Манбаъ меафзояд, то ин рӯз ҳавои пойтахт то 43 дараҷа гарм ва дар ғарби ВМКБ то 36 дараҷа тафсон мешавад. Дар аксар минтақаҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ то 45 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Ҳавошиносон гуфтанд, гармои шадид дар Тоҷикистон то чандум идома мекунад
Зимнан, КҲФ ба сокинон дар чунин вазъи ҳаво чанд тавсия ироа намудааст:
Камтар дар зери офтоб гардед, гирифтани чатр ва кулоҳи тобистонаро фаромӯш накунед;
Бештар об истеъмол кунед;
Кӯдакону наврасон ва афроди солмандро бештар эҳтиёт кунед;
барои эмин мондан аз оқибатз ин ҳам ҳавои гармтар
Ҳангоми сафар бештар ба худ диққат диҳед, зеро вазъи саломатии инсон метавонад дар гармо бештар бад шавад;
Ҳангоми истироҳат ва оббозӣ эҳтиёткор бошед, қоидаҳои будубош дар соҳили дарёву рӯдхонаҳо, каналҳо, ҳавзаҳои оббозӣ ва шаршараҳо ҷиддан риоя кунед;
Ба либос эътибор диҳед. Дар чунин ҳаво либоси пахтагинро пӯшед.
Илова бар ин, КҲФ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ҳузур дар соҳили дарёҳову кӯлҳо аҳамияткор бошанд.