ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари дастаи футболи "Истиқлол" ба дастаи "Муҳаммедан" -и Ҳиндустон гузариш кард. Хабари аз "Истиқлол" ба дастаи футболи Ҳиндустон гузаштани Давроновро бошгоҳи ин тим тасдиқ намуд.
Бар хабари манбаъ, Нуриддин Давронов ҳамакнун фаъолияти минбаъдаи футболи худро дар чемпионати Ҳиндустон идома медиҳад.
Футболбози тоҷик бо бошгоҳи "Муҳамммедан", ки дар дивизиони аввали чемпионати Ҳиндустон бозӣ мекунад, шартнома баст. Муҳлати шартнома як сол гуфта мешавад.
Зикр гардид, ки ҳафтаи оянда Давронов ба Ҳиндустон парвоз мекунад ва ба тими нав ҳамроҳ мешавад.
Дар ҳоли ҳозир, дастаи "Муҳаммедан" баъди 18 даври рақобатҳо дар ҷадвал зинаи дуюмро ишғол мекунад.
Бояд гуфт футболбози дигари тоҷик Комрон Турсунов дар ҳайати дастаи футболи "Чёрчилл Бразерс"-и Ҳиндустон баромад менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Виталиё Левченко сармураббии тими "Истиқлол" пас аз бохтҳои пай дар пайи дастааш тарки бошгоҳ кард. Муҳлати шартномаи ӯ ба ин тим ба анҷом расид ва ҳар ду ҷониб тасмим гирифтанд, ки онро дигар тамдид намекунанд.
Тибқи хабарҳо, Левченко фаъолияташро дар бошгоҳи "Тӯрон" -и Ӯзбекистон идома медиҳад.
Феълан иҷрокунандаи вазифаи сармурабии дастаи "истиқлол" -ро Алишер Тухтаев бар ӯҳда гирифтааст.