ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия дар умури байналмилалӣ аз афзоиши додугирифти мол миёни Русия ва Тоҷикистон хабар дод.
Ба таъкиди ӯ, мубодилаи мол миёни ду кишвар дар як соли ахир қариб 45 дарсад афзоиш ёфта, дар моҳҳои январ-март 27 дарсад зиёд шуд.
"Дар миёни шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон, Русия дар ҷои аввал қарор дошта, ҳиссаи мо 21,3% аст. Яъне мо аз Қазоқистон, Чин ва бархе аз дигар кишварҳо ба таври қобили мулоҳиза пештар ҳастем", - гуфт Ушаков ба хабарнигорон.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта гардиши мол тақрибан ба 1,2 миллиард доллар афзуда, ҳамчунин ин раванд моҳи январ низ зиёд шуд.
"Дар моҳи март афзоиши интенсивӣ идома ёфт ва ба ҳисоби мо он 27% рушд кард", - таъкид намуд ёвари президенти Русия.
Ёдовар мешавем, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 28 июн аз шаҳри Душанбе боздид хоҳад кард.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия иттилоъ дод, ки дар зимни ин сафар Владимир Путин бо ҳамтои тоҷикистонияш Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Инчунин музокироти як ба яки Путин ва Раҳмон дар назар аст, афзуд ӯ.
"Сафари кории Путин ба Тоҷикистон дар назар аст, он ҷо мулоқоту музокирот баргузор мешавад. Бо Раҳмон суҳбати як ба як сурат мегирад", - изҳор дошт Песков.
Ин нахустин сафари хориҷии президенти Русия баъди оғози амалиёти низомӣ дар Украина арзёбӣ мешавад. Баъди боздид аз Душанбе сафари президенти Русия ба Ишқобод дар назар аст. Ӯ дар ин шаҳр дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар иштирок хоҳад кард, ки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистонро низ дар бар мегирад.