ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Барномаи нави стратегии НАТО, ки давлатҳои аъзои иттифоқ дар Мадрид бояд тасдиқ мекунанд, хеле хавфнок буда, хавфи ба ҷанги нав кашидани ин мамлакатҳоро дорад.
Дар ин бора сенатор Олга Ковитиди дар мусоҳиба бо РИА "Новости" изҳор дошт.
"Таҷдиди дарпешистодаи консепсияи НАТО дар нишасти Мадрид, ки воқеан стратегияи ҳамлаи НАТО-ро қонунӣ мекунад, ниҳоят хатарнок аст", - гуфт вакили парлумон.
Ба гуфтаи вай, ваъдаҳои кишварҳои узви НАТО, ки дар стратегияи навшудаи паймон дар бораи ҷойгир кардани нерӯҳо, киштиҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар ҳудудҳои муайяни қаноти шарқии ин паймон, дар сурати ҳамла ба сулҳ ва амният таҳдиди воқеъӣ доранд.
Ба навиштаи рӯзномаи испании El Pais, ин дидгоҳи паймон бори нахуст ҳимояи “истиқлолият ва тамомияти арзии” кишварҳои муттаҳидро ҳамчун рисолати асосии созмон дар бар мегирад.
Аммо ин уҳдадорӣ ҳоло ба фазои ба ном Евро-атлантикӣ маҳдуд карда шудааст, ба истиснои шаҳрҳои автономии Сеута ва Мелиля.
Дар ҳамин ҳол, Эмма Эшфорд, як корманди аршади Маркази стротежӣ ва амниятии Скоукрофт, дар як матлаб барои Bloomberg гуфтааст, вуруди Финландия ба НАТО паймонро бо даҳшати стратегӣ таҳдид мекунад.
Ба фикри Эшфорд, дохил шудани Финляндия ва Шветсия ба иттифоқи Атлантикаи Шимолй онро "ба як маҷмӯи душвори давлатҳои аъзо" табдил медиҳад.