Захарова гуфт, чаро дар Ғарб аз ҷанги ҳастаӣ бо Русия аҳолиро метарсонанд

Доираҳои ҳукмрон дар Бритониёи Кабир талош мекунанд, бо ҷой додани ҷанги эҳтимолии ҳастаӣ бо Русия дар мағзи ҷомеа ҳуши онҳоро аз мушкилоти дохилӣ дур кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Афроди алоҳидаи бонуфуз дар Бритониё бо изҳорот дар мавриди ҷанги эҳтимолии ҳастаӣ бо Русия дар байни сокинони кишварашон тарсу ваҳм меофаранд.
Ин нуктаро намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия, Мария Захарова баён дошта, ҳадаф аз чунин тарсофариниҳоро тавзеҳ дод.
Ба гуфтаи вай, аз ин роҳ чеҳраҳои алоҳидаи Бритониё мехоҳанд таваҷҷуҳи шаҳрвандонро аз мушкилоти дохилии сиёсӣ дур кунанд, то суқути ногузири монархияи Бритониёро, ки ҳоло мушоҳида мешавад, пӯшонанд.
Ҳукуматдорони бритониёӣ аз омодагӣ ба охирзамони ҳастаӣ хаста намешавад ва бо изҳороти мавҷуднабудаи ҷониби Русияро дар ин бора мепарокананд, навишт Захарова дар "Telegram".
Вай ин масъаларо шеваи мусоиде барои дар пасманзар мондани тавтеаҳои давомдор, мушкилоти иқтисодӣ ва ҷанҷолҳои коррупсионӣ номид.
Дипломати Русия вазифаашонро пешгирии даргирии ҳастаӣ гуфт
Захарова қаблан низ изҳор дошта буд, ки Русия ҳеҷ гоҳ ба касеро бо истифода аз силоҳи ҳастаӣ таҳдид накардааст, балки баръакс "кишвари мо ҳамеша аз пеш гирифтани чунин иқдоми бемасъулият ҳушдор медиҳад, аммо ин барои ИМА ин кофӣ нест".
"Бо муттаҳам кардани Русия, ки гӯё Маскав дар Украина аз силоҳи ҳастаӣ истифода мекунад, амрикоиҳо як қатор ҳадафҳои худро пайгирӣ мекунанд, аммо яке аз онҳо барои мо рӯшан аст – ин тарсонидани аҳолии худ мебошад", - изҳор дошта буд ӯ.
Вай афзуд, Иёлоти муттаҳида талош доранд, сохтакориҳое эҷод кунад, ки гӯё вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ба истифодаи силоҳи ҳастаӣ таҳдид мекунад, аммо ноил нашуда, дурӯғ ошкор шуд.