Интиқоди тунди вакили рус аз вазири умури хориҷаи Олмон

Сенатори рус вазири корҳои хориҷаи Олмонро барои суханонаш дар бораи "истифода"-и Русия аз гуруснагӣ маҳкум кард ва гуфт, чунин суханрониҳо худсафедкуниянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Сенатор Алексей Пушков изҳороти Анналена Бербок - вазири корҳои хориҷаи Олмон, ки гӯё Русия аз гуруснагӣ ҳамчун силоҳ истифода мекунад, шарҳ дод.
"Баҳси мунаққидони ғарбӣ дар бораи Русия ба вазъи воқеии кор рабте надорад, зеро он на ба талаботи мантиқ ва далелҳо, балки сирф декларативӣ мебошад. Ҳадаф сафед кардани сиёсати ифротгароёна аст", - навиштааст сенатор дар шабакаи Telegram-и худ.
Созмони Милали Муттаҳид (СММ) борҳо таҳдиди буҳрони ғизоӣ ба далели камбуди ғалларо эълом кардааст, кишварҳои ғарбӣ Маскавро дар мухолифат бо интиқоли колоҳои Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ муттаҳам кардаанд,
Вучич: Замони фишор болои кишварҳои мустақил хотима ёфт
Русия ин гуна иттиҳомҳоро қотеъона рад кардааст.
Дар ҳамин ҳол, худи Киев барои содироти ғалла барои содирот монеаҳои зиёде ба вуҷуд овард: афзун бар оташсӯзии маводи ғизоӣ, ки дар бандари Мариупол ошкор шуд, қувваҳои мусаллаҳи Украина бандари баҳри Сиёҳро минагузорӣ карданд, ки ин наметавонист имконият барои ба бозорҳои ҷаҳонӣ кашондани ғизо бошад.
Медведев аз сиёсатмадорони Ғарб сахт интиқод кард
Ба гуфтаи президенти Русия Владимир Путин, дар содироти ғалла аз Украина мушкиле вуҷуд надорад ва Маскав ба ин дахолат намекунад.
Президент таъкид кард, ки агар Украина бандарҳоро аз минаҳо пок кунад, киштиҳои боркашонии ғалла метавонанд бидуни мушкилот ба хориҷ раванд.