ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Барандаи медали нуқраи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2022, тими футболи "Хуҷанд" аввалин рақобаташро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2022 бо пирӯзӣ анҷом дод.
Дар доираи мусобиқот бошгоҳи номбурда шоми 24 июн бо тими "Копентаг"- и Туркаманистон вориди майдон шуда, 3:1 пирӯз шуд.
Ду голи Далер Ёдгоров ва як голи Тоҳир Малодустов "Хуҷанд"-ро пирӯз ва соҳиби се хол кард.
Дар бозиҳои дигари интихобии КФО, ки дар Душанбе ҷараён дорад, бошгоҳи ССКА-и Тоҷикистон бозиро бо дастаи дигар Туркманистон "Олтин-Асир" мусовӣ (0:0) кард.
Ҳарду голро дар ин бозӣ дастаи артиш ба самар расониданд. Дар дақиқаи 85-ум ҳамлагари ССКА Элчибек Рашидбеков тубро ба дарвозаи худаш зад. Дере нагузашта, дар дақиқаи 90+3-юм Абдулло Шарифов, нимҳимоятгари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҳисобро мусовӣ нигоҳ дошт.
Ёдовар мешавем, ки "Хуҷанд" барои роҳхати ягона ба даври баъдӣ бо қаҳрамони Қирғизистон "Дордой" 30 июн вориди сабқат меҳшавад.
ССКА бошад 27 июн бо дастаи "Согдиана"-и Ӯзбекстон, ки дар даври аввал "Нефтчӣ"-ии Қирғизистонро шикаст дод, рақобат мекунад.
Маврид ба зирк аст, ки бозиҳои КФО-2022 дар гурҳи "Е" дар Душанбе ва "F" дар Бишкек барпо мешавад.