Филмҳои Осиёи Марказӣ ба сатҳи синамои Амрико хоҳанд расид, гуфт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон коргардони ӯзбек ва шӯравӣ Алӣ Ҳамроев.
Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои Осиёи Марказӣ аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлолият бештар ба синамо рӯ оварданд. Дар ин кишварҳо, филмҳои коргардонҳои ҷавону боистеъдод пайдо мешаванд.
"Дар 10 соли оянда филмҳои Осиёи Марказӣ метавонанд ба сатҳи синамои Амрико, Ҷопон, Эрон, Итолиё ва Англия бирасанд", - гуфт Ҳамроев. Вай таъкид кард, ки ҳоло синамо дар бисёр кишварҳо "ба тиҷорат ворид шудааст".
"Онҳо бо ҳамон сюжетҳо филмҳои якранг ба навор мегиранд ва ба дили тамошобинон роҳ намеёбанд. Дар ноутбуку телефон нишаста, филмҳои халқҳои гуногунро, ки дар тӯли 100-150 соли ахир офарида шудаанд, тамошо мекунанд", - гуфт коргардон.
Барои ҳамин кинотеатрҳо холӣ мебошанд. Имрӯз барои бархе аз тамошобинон рафтан ба синамо фурсатест, ки аз борон паноҳ бурда, попкорн бихӯранд.
"Моро лозим аст, ки ин буҳронро паси сар кунем, ба дили бинанда роҳ ёбем, дар бораи зиндагии мардум, дар бораи ишқ, дар бораи дақиқаҳои шодӣ ва рӯзҳои ғамангези ҳаёти худ суҳбат кунем. То бидонем, ки зиндагӣ чизи аҷибест ва мо бояд барои осмони софи болои сари худ, мубориза барем”, - бовар дорад Ҳамроев.
Ёдовар мешавем, ки шумо метавонед филмҳои коргардонро дар "Иллюзион" ва дар толори кинотеатри бинои муҳандисии Намоишгоҳи Третяков то 7 июл тамошо кунед.
Барнома ба 85-солагии Ҳамроев бахшида шудааст. Филмографияи ӯ зиёда аз 20 филмро дар бар мегирад. Дар байни онҳо "Белые, белые аисты" (Лайлакҳои сап-сафед), "Где ты, моя Зульфия?" (Куҷо ту, Зулфияи ман?), "Любит - не любит" "(Дӯст доштан ё надоштан) ва ғайраҳо ҳастанд. Аксарияти асарҳои коргардон ба мавзуъҳои хоси марбут ба Осиёи Марказӣ бахшида шудаанд.