ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги дастаҳои миллиро нав кард.
Тоҷикистон, дар ин радабандӣ якбора шаш зина мақеяшро беҳтар карда, аз мақоми 114 ба зинаи 108 баромад.
Тибқи нишондоди FIFA, яккачини Тоҷикистон бо 1179 имтиёз дар ин мақом ҷой гирифтааст, ки 19,68 хол зиёд нисбат ба нашри қаблӣ аст.
Яккачини Тоҷикистон пас аз чандин муддат чунин пешравиро зери раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба даст овард.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё Мянмар (4:0) ва Сингапурро (1:0) шикаст дода, бо Қирғизистон (0:0) мусовӣ кард.
Кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ чунин раддабандӣ шудаанд: Ӯзбакистон дар зинаи 77, Қирғизистон дар зинаи 95.
Мунтахаби Қазоқистон 11 зина пеш рафта, кишвар дар ҷойи 114-ум қарор дорад. Туркманистон бошад, дар хатти 135-ум миёни Флиппин ва Руанда монд.
Дар панҷгонаи беҳтаринҳо Бразилия, Белгия, Аргентина, Фаронса ва Англия қарор гирифтаанд.
Аз дастаҳои осиёӣ Эрон пешсаф аст, ки бо 1557 имтиёз дар зинаи 23-юм ҷой гирифта, Ҷопону (24) Корея (28) пас аз он қарор гирифтаанд.
Русия бошад, бо 1493 имтиёз дар мақоми 35-ум қарор гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки беҳтарин ҷой барои тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА 106-ум ва пойинтарин сутуне, ки мунтахаби ватанӣ дар он қарор дошт, дар ҷои 180-ум буд.
Беҳтарин дастовардҳои охирини тими Тоҷикистон ишғоли зинаи аввал дар гуруҳаш дар Ҷоми КФО аст.