ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Тибқи иттилои сойти “Алҷазира”, заминларзае, ки шаби гузашта дар Афғонистон сурат гирифт, дастикам 250 кушта ва беш аз 500 нафар захмӣ бар ҷо гузоштааст.
Маркази зилзиланигории Амрико эълом кард, зилзила бо қудрати 6,1 дараҷа дар миқёси амвоҷи даруни замин (Рихтер) бомдоди чаҳоршанбе ҷанубу шарқи Афғонистон ва бахшҳое аз Покистонро ба ларза даровард.
Ба гуфтаи ин марказ, зилзила дар 44-километрии шаҳри Хуст ва дар умқи 51-километрии замин рух додааст.
Манбаъ дар истинод ба шоҳидони маҳаллӣ хабар додааст, ки ҳатто сокинони Кобул, пойтахти Афғонистон ва Исломобод, пойтахти Покистон заминларзаро эҳсос кардаанд.
Мақомоти давлати толибон ҷон бохтани шумори зиёде аз сокинони чаҳор вулусволии вилояти Пактико ва тахриби хонаҳро тасдиқ карданд.
Билол Каримӣ, сухангӯии давлати толибон дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки “муттаассифона, шаби гузашта зилзилаи шадид дар чаҳор вулусволии вилояти Пактико рух дод, ки дар натиҷаи он садҳо тан аз ҳамватанони мо куштаву захмӣ шуданд ва даҳҳо хона вайрон шуд”.
“Мо аз ҳамаи ожонсҳои имдодӣ мехоҳем фавран тимҳоеро барои ҷилавгирӣ аз вуқуи фоҷеаи бештаре ба минтақа эъзом кунанд”,- гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар натиҷаи як зилзилаи 5,6-дараҷаӣ дар устони Бодғис 26 нафар ҷон бохта, шумори зиёди манозил ҳам тахриб шуда буданд.