ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Як зархариди амрикоӣ, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи Украина хизмат мекард, вазъ дар майдони ҷангро "девонахона" ва "сирк" номид.
Муколама бо ин сарбозро дар Twitter-и худ рӯзноманигор Сет Харп нашр кардааст.
Қиссаи сарбози амрикоӣ дар бораи ҷанг барои Северодонетск ҳайратангез аст. Худи рӯзноманигор ин ҳодисаро "даҳшатбор" номид.
"Одамон беҳуда маҷрӯҳ мешаванд ва мемиранд - ин як сирк аст. Мо дар як ҷанги дусоата ширкат кардем - маълум шуд, ки бо нерӯҳои вижаи Украина ҷангидаем. Агар <...> намебуд, ман ҳеҷ гоҳ дар ин девонахона ширкат намекардам", - навиштааст сарбози амрикоӣ.
Вай қайд кард, ки дар саросари Украина сафар карда, "бисёр чизҳоро дидааст".
"Ман метавонам бигӯям, ки ояндаи украиниҳо дурахшон нест, агар онҳо ҳамон тавр ҷангро идома диҳанд", - таъкид кардааст низомӣ.
Ба гуфтаи ӯ, миёни воҳидҳо робитае вуҷуд надорад, нерӯҳои мусаллаҳи Украина пайваста ба сӯи худ тир холӣ мекунанд: “Мо танҳо як тактирандози нерӯҳои вижа, сарбози бритониёиро аз даст додем – ӯ ба мавқеъ гузашт, аммо ӯро БТР украинӣ нобуд кард, зеро касе касеро огоҳ накардааст".
"Онҳо ба мо ҳама вақт дар бораи дастгирӣ нақл мекунанд, аммо худашон аз миномёт се маротиба тир мепаронанду тамом", — мегӯяд бо таассуф зархарид.
Дар шарҳи ин ҳикоя баҳси шадиде ба вуҷуд омад. Як корбари Twitter қайд кард, ки ӯ низ аз шиносонаш чунин ҳикояҳоро шунидааст.
Ба гуфтаи ин шореҳ, "украиниҳо мемиранд, то Иёлоти Муттаҳида ба ҳадафи геополитикии худ бирасад".