ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Гурӯҳе аз нерӯҳои захиравии Украина дар минтақаи Сиротинои наздикии Северодонетск бидуни муқовимат таслим шуданд, хабар дод РИА "Новости".
Ба иттилои таслимшудаҳо, онҳо ба қисми низомии 3035 моҳи май даъват шуданд. Қисми мазкур аз соли 2014 дар Луганск қарор дошта, баъдан ба Харков кӯчонда шуд.
Таъкид шудааст, ки дар миёни онҳо, ки силоҳ гузоштаанд, аз ҷумла 3 нафар аз Северодонетск ва Ребужное, инчунин сокинони Лвов, Тернопол, Виннитса ва Харков қарор доранд.
Зикр шудаст, ки дар Северодонетск нерӯҳои украинӣ талафоти зиёд дида, ба тарафи Лисичанск ва Святогорск ақибнишинӣ карда истодаанд, ки он ҷо низ ҷониби Украина назорат ба қисмати бузурги шаҳрро аз даст додаст.
Феълан дар Украина ҳолати ҷангӣ эълон шуда, сафарбарсозии умумӣ амалӣ шуда истодааст. Барои мардоне, ки қобили ҷалб ба артишанд, тарк кардани кишвар мамнуъ шудааст.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.