ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Киштиҳои Нерӯи баҳрии Амрико дар Халиҷи Форс бо се киштии тирандозии корпуси Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон бархӯрданд. Дар ин бора рӯзномаи Washington Post менависад.
Нашрия қайд мекунад, ки киштии посбонии нерӯҳои баҳрии ИМА USS Sirocco ҳамроҳ бо киштии артиши нақлиётии баландсуръати амрикоии USNS Choctaw County дар обҳои байналмилалии Халиҷи Форс гузаришро анҷом додааст.
Дар ин замон ногаҳон се киштии Эрон "бо суръати хеле хавфнок" ба сӯи онҳо равон шуд.
Онҳо танҳо пас аз он ки киштии посбонии амрикоӣ огоҳии овозӣ дод, хатти ҳаракати худро дигар карданд.
Қаиқҳо ба киштии нақлиётии USNS Choctaw County тақрибан 46 метр наздик шуданд ва ин амрикоиҳоро маҷбур кард, ки оташи огоҳкунанда сар диҳанд, менависад Washington Post.
Вазъияти пуршиддат дар халичи Форс як соат давом кард.
Ин ҳодисаро намояндаи фармондеҳи марказии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА Ҷозеф Бучино шарҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, иқдомоти ҷониби Эрон "ба меъёрҳои байналмилалии рафтори касбӣ ё бехатар дар баҳр мувофиқат намекунад".
Бучино таъкид кард, ки манёврҳои аҷиби киштиҳои Шарқи наздик метавонистанд боиси задухӯрди низомӣ шаванд.