Фармони роҳбари толибон дар хусуси ташкили мадориси ҷиҳодӣ

Роҳбари толибон ахиран фармонеро дар хусуси чигунагии ташкил ва масорифи мадориси ҷиҳодӣ дар Иморати Исломии Афғонистон содир кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Мулло Ҳибатуллоҳи Охндзода, раҳбари толибон фармонеро дар хусуси чигунагии ташкилу масорифи мадориси ҷиҳодӣ, содир кардааст.
Дар ин фармоне, ки ахиран мунташир шуда омадааст, дар тамоми мадориси ҷиҳодӣ нассоби манзуршудаи толибон тадрис шавад.
Раҳбари толибон дар ин фармони афзуда, ки талош шавад то шуюхи машҳури маҳаллӣ дар маҳали худашон ба унвони муаллим таъйин шаванд.
Тибқи ин мактуб, Охундзода ҳукм кардааст, ки вулусволону қумандонҳои амнияти вулусволиҳои вилояти Қандаҳори муовинони худро аз миёни муллоҳои мадорис интихоб кунанд, то онон дар канори иҷрои вазоифи марбута, масъуляти имомати ниҳоди марбутаи тадриси афроди толибонро низ ба пеш бубаранд.
Ҷанг дар Балхоб – “Панҷшери дуюм”: даргирӣ миёни толибон ва Маҳдӣ Муҷоҳид
Дар мактуби содиршда ба вулусволиҳои Қандаҳор гуфта шудааст, ки раҳбари толибон дар як ҳукми шифоҳии ин дастурро ба мақомҳои ин вилоят додааст.
Дар ин фармон, ташкилу ҳазинаҳои мадориси ҷиҳодӣ низ тавзеҳ дода шудааст.
Бар бунёди он, ҳар мадорис ҷиҳодӣ бояд 10 муаллим дошта бошад; аз ҷумлаи се нафари шуюухи ҳадис бо 25 ҳазор афғонӣ маош, се шуюух "мавқуфалайҳ" бо 20 ҳазор афғонӣ маош, се устоди фунун бо 15 ҳазор маош ва як тан устоди дорулҳифоз бо 20 ҳазор афғонӣ маоши таъйин шудааст.
Гуфта шуда, ки ҳар яке аз мадрисаи ҷиҳодии дорои ҳашт корманд (ходим) шомили як нафари мудир ё муҳтамоми мадриса, як нафари нозим, ду ронанда, се нафари ошпаз ва се нафар нонво бошад.
Бар бунёди маълумот, ин дастури як моҳи пеш аз сӯии раҳбари толибони содир шудааст.
Қандаҳор зодгоҳу маҳали будубоши раҳбар толибон аст. Маълум нест ки ин ҳукм дар дигари вилоятҳо ҳам иҷро мешавад ё на.