Хатлон чанд фоизи маҳсулот дар Тоҷикистонро таъмин мекунад?

Вилояти ҷанубии Тоҷикистон тақрибан беш аз 60%-и маҳсулоти кишоварзӣ, зиёда аз нисфи маҳсулоти чорво ва 90%-и нерӯи барқи ҷумҳуриро таъмин мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Хатлон калонтарин минтақаи агросаноатии Тоҷикистон буда, 63% истеҳсоли ғалла, 68%-и пахта, 60%-и сабзавот, 78%-и зироатҳои полизии тавлиди ҷумҳурӣ ба ин минтақа рост меояд.
Дар ин бора "Ховар" аз қавли Фирӯза Шарифӣ, ноиби раиси Хатлон, хабар дода, афзудааст, ки ҳамчунин 57%-и истеҳсоли гӯшт, 51%-и истеҳсоли шир дар ҷумҳури ба ин вилоят мансуб аст.
Ба иттилои Шарифӣ, дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқи вилоят ҳар сол беш аз 270 ҳазор тонна нахи пахта, зиёда аз 2,5 млн тонна маҳсулоти полезӣ, меваю сабзавот, ангур ва беш аз 1 млн дона пӯсти чорвои хурду калони шохдор ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад.
Исроф накунед. Дастури Раҳмон ба мансабдорон дар мавриди намоишгоҳҳо
Дар мавриди содироти маҳсулот аз Хатлон, Шарифӣ изҳор дошт, ки соли равон аз вилоят ба хориҷи мамлакат зиёда аз 12,1 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ интиқол дода шудаст.
Аз ҷумла ҷумла тавассути нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан маҳсулот ба кишварҳои Русия Беларус, Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон ва Покистон содирот кардаанд.
Ба гуфтаи ноиби раиси Хатлон дар вилоят гурӯҳи корӣ ташкил гардидааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро барои истифодаи самаранкои ҳар як ваҷаб замин ба сокинон ба роҳ мондааст.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ахиран мақомдорони маҳаллиро вазифадор намуд, ки омодагии ҳар оиларо ба фасли сармо таҳти назорат қарор диҳанду дар мавриди он ба роҳбари давлат то 1 октябри соли равон гузориш диҳанд.